Дар асри 20, Аз чорсу хатар,
Сайёра заҷр мекашад дар марги боғу роғ
Дар марги обу дашт Аз дарди бесамар.
Ин хастаҷон монда зи худ ёдгор низ
Ранге ба ранги тираи хокистар.
Обҳо тираву вуҳуш камчинанд,
Рудҳо хобу даштҳо нафасгиранд.
Хокистарист хоки замини биҳишсонаш
Ангор обу бешаву гулзор мемиранд.
Пиряхҳо чу дуд мешавд нобуд,
Танҳо биёбон аст, ки биафзояд.
Борон, ки солҳои дароз нопайдост,
Ногоҳон дар либоси сел меояд.
Ҷой ҳосил кунун чангу ғубор
Ҷойи бодҳои сард модари даҳр,
Гуйи гармои сахт мезояд.
Гунаҳ аз кист? Бачаҳои замин,
Хуни модар – замини худ хурдем.
Ҳеч гоҳе надода чизе
Ҳар чи ӯ дошт мо ба худ бурдем.
То даме ки паранда мехонад,
То нафас мекашад замин ва барге ҳаст.
То даме ки даранда озод аст
Яъне ҳоло ҳануз фурсат ҳаст.