ТАҲСИЛОТРО БА ФАЪОЛИЯТҲОИ МАРБУТ БА ИҚЛИМ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ

March 5, 2026

Дар бунёди талошҳои дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмаато чунин эътиқод ҷо гирифтааст: таҳсилот танҳо интиқоли донишҳо нест, балки он василае барои дигаргуниҳои воқеист. Таҳсилот доир ба масоили тағйирёбии иқлим ба хонадагон барои дарки моҳияти буҳрони иқлим мусоидат мекунад, ба он аксуламал нишондоданро ёд медиҳад, дар зеҳни онҳо таффакури интиқодӣ, арзишҳо ва нигаришҳоеро ташаккул медиҳад, ки барои шахси масъули дигаргуниҳо дар ҷомеа шудан заруранд.

Дар ҳуҷҷати барномавии “Мақоми таҳсилот оид ба иқлим дар кишварҳои Осиёи Марказӣ”, ки онро Дафтари минтақави ЮНЕСКО дар Алмаато дар шарики бо CAPS Unlock (Алмаато) ва донишгоҳи Макгилла (Канада) омода намудааст, даъват барои иқдомҳои фаврӣ садо медиҳад: сарфи назар аз афзоиши таҳдидҳои иқлим, таҳсилот оид ба тағйиёбии иқлим (ТТИ) ҳануз ҳам чун пештар дар дурнамоҳои миллӣ, буҷетҳо ва баромаҳои таълимӣ ба қадри кофӣ афзалиятнок нест. Дар шароити руйдодҳои шадиди обу ҳаво, камбуди об ва обшавии пиряхҳо, ки кайҳо боз дар минтақа таъсир дорад, таҳсилот оид ба иқлим на танҳо муҳим, балки ҳаётан зарур мегардад. 

Ба лутфи чунин ташаббусҳо, мисли шарики дар экологизатсияи таҳсилот, ЮНЕСКО бо ҳукуматҳо, ҷавонон, омузгорон ва СҒҲ дар болои он кор мекунад, ки мактабҳоро бештар иқлимшинос созад, ба барномаҳои таълимӣ мавзуи иқлимро ворид намояд ва зарфияти муаллимонро баланд бардорад. Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмаато тавассути таҳкими ҳамкориҳо, пуштибонӣ аз раванди дигаргуншавии сиёсатҳо ва тақвияти овози ҷавонон барои ояндаи босуботи Осиёи Марказӣ ин дидгоҳро дар ҳаёт татбиқ менамояд.

Расм Темирлан Тайбасар, 20
Кокшетау, Қазоқистон
ТАҲСИЛОТРО БА ФАЪОЛИЯТҲОИ МАРБУТ БА ИҚЛИМ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ