Замин назар ба он, ки интизор мерафт, тезтар гарм мешавад. Ҳарорати миёна дар сатҳи Замин аз сатҳи пеш аз саноатӣ тақрибан 1,1°С боло рафтааст ва ба 1,5°С — ҳадди бӯҳронӣ наздик мешавад, ки боло рафтани он метавонад ба одамон ва сайёра таъсири ҷиддитарин ва давомдор расонад. Бидуни тағйироти ҷиддӣ, пешбинӣ мешавад, ки ҳарорат дар ҷаҳон то соли 2030 аз 1,5°C зиёд мешавад ва то охири аср ба 3°C мерасад.1
Бо гармшавии глобалии 1,5°С, тақрибан 350 миллион нафар сокинони шаҳрҳо аз сабаби хушксолии шадид бо камбуди об рӯбарӯ мешаванд. Агар ҳарорат то 2°С боло равад, ин рақам ба 410 миллион мерасад.2
Агар чорае андешида нашавад, хушксолӣ ва обхезӣ дар Осиёи Марказӣ метавонад ба талафоти иқтисодии солона то 1,3% ММД оварда расонад. Илова бар ин, интизор меравад, ки ҳосилнокии зироат то соли 2050 то 30% коҳиш ёбад, ки ин метавонад боиси тақрибан 5,1 миллион муҳоҷири иқлимии дохилӣ гардад.3
Тахминҳо нишон медиҳанд, ки ҳарорати миёнаи минтақа метавонад то охири садсолаи ҷорӣ то 6,5 дараҷа аз сатҳи пеш аз саноатӣ боло равад. Интизор меравад, ки ин боиси тағйирёбӣ дар тартиюи боришот, зуд-зуд ба амал омадани давраҳои гармӣ ва афзоиши хушкӣ гардад.4
Барои Осиёи Марказӣ, IPCC (2021) якчанд тағйироти назаррасро дар омилҳои таъсири иқлим (CIDs), аз ҷумла онҳое, ки “дараҷаи баланди эътимод” доранд, пешбинӣ менамояд. Баланд шудани ҳарорати миёна ва зиёд шудани давраҳои шадиди гармо, инчунин коҳиши сармо ва сардӣ интизор меравад. Афзун бар ин, ба истиснои камшавии сардиҳо, ин тағйирот аллакай дар давраи таърихии таҳлилшуда ба қайд гирифта шудаанд. Ин тамоюлҳо ташвишоваранд, бахусус бо дарназардошти он, ки IPCC (2021) бо эътимоди баланд тағйироти дигарро, аз қабили талафоти барф, пиряхҳо ва қабатҳои яхбандӣ пешгӯӣ мекунад, ки аллакай дар қисматҳои алоҳидаи Помир ва Тиёншон мушоҳида мешавад. (Sorg et al. 2012; Barandun et al. 2020).5