Фаҳмиши мо доир ба рушди босубот бояд фаротар аз чаҳорчуби таҷрибаҳо ва сиёсатҳои бартарафсозӣ ва танзими газҳои карбон бошад: қабл аз ҳама вай бояд муносибати моро бо фарҳанг тавъам созад, то ки ғизои ғамхорӣ ва ҳасосиятро, чӣ дар хона ва чи дар ҷойи кор дар зеҳнамон таъмин намояд. Босуботӣ — ин пеш аз ҳама қобилияти муносибат кардан бо ҳамдигар бе кина, рақобат ва ҳасад аст, зеро маҳз ҳамин сифатҳо асоси буҳрони климатии имрӯза мебошанд.