НАҶОТ ДОДАН ИМКОН ДОРАД

March 2, 2026

Ман худро дар сайёрае дидам. Ҳавояш хеле вазнин буд. Атроф ранги хокистарӣ дошт ва дуриҳои дур боз ҳам бештар беранг менамуданд. Дар ин сайёра гаштугузор намуда, ман бештару бештар ба сайёраи сабзи хеш дилгир мешудам. Руйи замини хаста қадам зада, ман он ҷойҳои дустдоштаамро, ки замоне сайр мекардам, дигар намедидам, ман дигар бешазорон ва он майсазорене, ки боиси хушҳолиям мешуданд, намедидам. Ва ин ҳама оғоз шудааст аз як бучкаи бензин, ки саривақт гирифта нашудааст. Ман ба ғазаб омадам, охир ҳамаи инро метавонистанд наҷот бидиҳанд. Мо ҳама метавонистем дар як сайёраи тозаву озода умр ба сар барем, вале ҳар кас фикр мекард, ки ин ба ӯ рабте надорад. Бо тадриҷ ғазаби хешро фуру шинонда, ман… Бедор шудам. Бедор шудам ва дарк кардам, ки ҳоло ҳам барои наҷот додан фурсат дорем.

Расм Қобилҷон Барзуев, 14
Нукус, Қарақалпоқистон/Узбекистон
Матн Сати Садыкова, 15
Остона, Қазоқистон
НАҶОТ ДОДАН ИМКОН ДОРАД