CAPS Unlock (Central Asian Policy Studies) – Маркази таҳлилии осиёимиёнагӣ мустақар дар Алмаато, ки ба таҳияи тадқиқоти амалӣ доир ба масоили доғи минтақа, аз ҷумла масъалаи тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он дар рушди кишварҳои Осиёи Миёна машғул аст.
Turn it Around: Бастаи кортҳои осиёимиёнагӣ оид ба иқлим – овози ҷавонони минтақа аст. Корҳои матнӣ ва бадеии онҳо ба самъи мо ҳақиқати талхро мерасонанд: тағйирёбии иқлим ва буҳрони экологӣ ба об, неру, ғизо, гуногунии биологӣ ва дар ниҳояти кор зинда мондани инсоият. Ин чолишҳо сарҳад надоранд ва ҷидду ҷаҳди якҷоя ва дигаргуниҳои пайвастаро талаб мекунад.
Таҳсилот – ҷузъи ҷудонопазири ин тасмимҳост. CAPS Unlock ба таҳсилоти ҳатмӣ дар бахши иқлим ва муҳити зист даъват мекунад, то насли навро бо донишҳо, маҳоратҳо ва ҳавасмандӣ барои барқарорсози экосистема, ҳифзи муҳити зист ва бинои ҷомеаи босуботе мусаллаҳ созанд, ки дар ҳамоҳангӣ бо табиат зиндагӣ мекунанд.
Паёми ҷавонони Осиёи Марказӣ дақиқан возеҳ аст: ё ҳаёт дар руй замин шукуфон хоҳад буд, ё шояд ҳамаи моро фарҷоми ғаманғез интизор аст. Вақти амал кардан ҳамин ҳолост.