Шуруъ аз соли 2004 Донишгоҳи иёлоти Аризона дар бахши рушди босубот аз пешгомон дар ҷаҳон аст. Таъсиси озмоишгоҳи ҷаҳони оянда ба номи Ҷули Энн Ригли дар назди донишгоҳ қадами ҷиддии рушд дар ин самт гардид, ки он дар навбати худ эътиқоди мустҳкам дар бораи онро инъикос менамояд , ки мо бояд дар сохтмони ояндае саҳми арзанда бигузорем, ки ҳама сокинони Замин метавонанд рушд кунанд.
Озмоишгоҳи ҷаҳонии оянда – намунаи нахустини донишгоҳи оянда барои сайёраи мост. Вай платформе месозад, ки барои ҷавоб гуфтан ба масаълаҳои мушкили иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмӣ қодир аст, ки дар натиҷаи таҳдидҳои ҳозира ва ояндаи марбут ба таназзули муҳити зист ба вуҷуд меоянд.
Барои сохтани ояндаи хуб, мо бояд муносибатамонро бо сайёра бозандешӣ намоем. Барои ин ҳадафи умумии муттаҳидсозанда ва ба оянда нигаронидашуда-гирифтани тасмимҳои дарозмуддат ва босубот зарур аст.