Рузу шабон ,сол паси солҳо,
Мегузарад умр чу як раҳгузар.
Дидани субҳ нест ба домони куҳ,
Нест зи неруи ҷавонӣ хабар.
Мавҷи дарё намкунад туғён,
Регҳои хамуш ҳокиманд.
Гоҳ гоҳе ба ҷои мазраи сабз
Хасу хошоки зард дар нақшанд.
Нест дар дашти беканори қазоқ,
Ҷилваи дилфиреби ҷайронҳо.
Муши хурмоӣ аз канори роҳ,
Нест шоҳиди гашти мошинҳо.
Гоҳ Каспий вале ҳамеша Арал,
Оҳи шабгирашон барои об.
Рафт он қударту тавон акнун
Он чи Байкал надида буд ба хоб.
Шуд фаромуши одамон он вақт,
Зинда буд модари Қазоқистон.
Фотеҳи дашти беканору саҳро буд
Зиндагонӣ надошт даруни бетон.