Ҳар як ҷавон қодир аст, ки тағйир ёбад ва ин неруест, ки метавонад тамоми оламро дигаргун кунад.
ЭЪТИЛОФИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ОИД БА МАОРИФИ ИҚЛИМӢ
Эътилофи Осиёи Марказӣ оид ба маорифи иқлимӣ (Central Asian Climate Education Alliance – TsAKO) аз ҷониби намояндагони ташкилотҳои таълимӣ, иқлимӣ ва экологии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон дар моҳи майи соли 2023 таъсис ёфт. Ин эътилофи барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ба хотири таъмини уҳдадориҳои миллӣ ва оғози омодагиҳои зарурӣ барои воридсозии босамари таҳсилоти ҳатмӣ доир ба масоили тағйирёбии иқлим, муҳити зист ва амнияти инсонӣ дар низомҳои таълимии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон талош мекунад.