АЗ ХУД ОСОРИ ХУБ БОҚӢ БИГУЗОРЕД

February 26, 2026

Дар вилояти Акмолински мо гушаи дилфире бо номи Борово ҳаст, ки онро нигини зарини Қазоқистон меноманд. Бо аҳли хонавода ба он ҷо омадан,миёни анбуҳи шамшодҳо сайр кардан, нағмаи мурғони хушилҳонро шунидан ва тамошои акси куҳпораҳоро дар оби мусаффои ин кул дуст медорам. 

Аммо ман ғамгин мешавам, вақте мебинам, ки пас аз сайёҳон чӣ қадар партов мемонад. Шишаҳои пластикӣ, халтаҳо ва дигар партовҳо ба об ворид шуда, ба табиати мо, Ҷумбактасу ва ҳайвоноте, ки он ҷо зиндагӣ мекунанд, зарар мерасонанд. Моҳӣ ва паррандаҳо метавонанд осеб бинанд ва зебоии кӯл ҳам камранг мегардад.

Ман бисёр мехоҳам, ки одамон ба кишварамон бештар ғамхор бошанд, аз худ хотироти нек ба ёдгор монанд, на ғарами партовҳо.Биёд бо ҳам табиатро ҳифз намоем, то пас аз солҳои дароз ҳам Борово тозаву озода ва фиребо бошад.

Расм ва матн Милана Имандинова, 11
Кокшетау, Қазоқистон
АЗ ХУД ОСОРИ ХУБ БОҚӢ БИГУЗОРЕД